Дору, дастгоҳи нафасдиҳӣ: маълум шуд, ба маблағҳои суратҳисоби махсус Ҳукумат чӣ мехарад

Мувофиқи маълумоти охирин, дар суратҳисоби мазкур 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллар ҷамъ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Маблағи мазкур барои харидории таҷҳизот, маводи тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз коронавирус суратҳисобҳо кушода шуданд

Дар заминаи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19, ки дар доираи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2020 таъсис дода шуд, ҷиҳати расонидани кумак ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа суратҳисоби махсус таъсис дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар суратҳисоби мазкур 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллар ҷамъ шудааст.

Пешниҳоди Раҳмон ва ҷонибдории вакилон: 11,3 миллион доллар барои мубориза бо COVID-19

Маблағи мазкур барои харидории таҷҳизот, маводи тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 истифода мешавад.