Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аз чархболҳо то 100 ҳазор сомонӣ: амалиёти артиши Тоҷикистон алайҳи “вируси корона”

Вазорати дифоъи Тоҷикистон 100 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси мубориза бо “вируси корона” ва 5 ҳазор ниқоби тиббӣ барои мардум таслим кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ориф Нозимиён, сухангӯи ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикитон гуфт, ин ҳама аз иқдомҳои Ситоди махсуси мубориза бо “вируси корона” – и вазорати дифоъи Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазир Шералӣ Мирзо буда, дар амал амалиёти вижае аз сӯи ин Ситод ҳудуди даҳ рӯз ба ин сӯ идома дорад.

Муовини сарвазир: беморон баъди солим шудан бояд зери назорати пизишкон қарор бигиранд

“Мо неруҳои махсуси дифоъи ПКД (партавӣ, кимиёвӣ ва биологӣ) дорем, ки барои муҳофизат аз неруҳои мусаллаҳ, аҳолӣ ва иншооти ақибгоҳ ихтисос доранд. Ҳоло ин нерӯҳо дар ҳоли ҳозир бо мубориза алайҳи “вируси корона” машғуланд. Барои корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ кардани шаҳру навоҳии кишвар – шуруъ аз Душанбе то Бадахтону Суғду Хатлон дастаҳои махсуси се навъи қушун – хушкигард, мудофиаи зиддиҳавоӣ ва ҳам зудамал даст ба кор шудаанд”, - гуфт Ориф Нозимиён.

Дар гузашта ин овозаву шоеъот дар ҷомиа паҳн шуда буданд, ки барои зиддиуфунӣ кардани шаҳрҳо аз чархболу тайёраҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон кор гирифта мешавад.

Ин нуктаро дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иқтимоӣ ба Sputnik Тоҷикистон низ таъйид карданд, ки ин иқдом дар ҳоли зарурат гирифта хоҳад шуд ва вазорати дифоъ дар ин бобат аз Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё COVID – 19 дастур гирифтааст.

Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар таъйиди ин ахбор гуфт, воқеан, ҳар дастуре, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ ба вазорати дифоъ додааст, бидуни чунучаро иҷро мешавад.

“Қисмҳои низомии Тоҷикистон бо тамоми техникаву таҷҳизоти худ, аз ҷумла чархболҳо, дар ҳолати омодабош қарор дода шудаанд. Худи неруҳо чандест, ки ба низоми казармавии хизмат гузаштаанд. Артиш фақат мунтазири фармон аст”, - гуфт Ориф Нозимиён.

Тоҷикистон рӯзи 30 апрел аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” – ро эълон кард ва ба назар мерасад, аз он рӯз ба ин сӯ тамоми идораву мақомот, бахусус, мақомоти қудратиро сари по кардааст. Сайри суудии ин маризӣ дар Тоҷикистон идома дорад.

Тибқи охирин иттилооти расмӣ, то ба имрӯз дар кишвар 801 нафар ба ин маризӣ гирифтор шуда, 23 нафар ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд.