Вазири тандурустӣ нахустин тағйироташро аз сухангӯяш сар кард: ҳамкори қаблияшро овард

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон нахустин тағйироти кадрияшро баъди ба мансаби нав роҳ ёфтан аз сухангӯи ин ниҳод огоз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода, ки то ин замон сухангӯи ин ниҳод буд аз вазифааш барканор шуд.

“Вазири рӯзҳои сахт”: Ҷамолиддин Абдуллозода кист?

Ба иттилои манбаъ, бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, Бибихонум Дарвешзода, субҳи имрӯз аз вазифааш сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Мирзоев таъйин шуд.

Ба иттилои манбаъ,  сухангӯи нави вазорат ҳамакнун ҳамкори қаблии вазир Эмомалӣ Мирзоев таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Мирзоев қаблан дар вазифаи раҳбари бахши иттилоот ва робитаи беморхонаи “Истиқлол” кор мекард.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 5 май аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб таъйин шуд.

Ӯ дар ин мақом Насим Олимзодаро иваз намуд.

Номбурда қаблан раҳбарии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро ба зима дошт, ки аз ҷониби Рустами Эмомалӣ Таъйин шуда буд.