ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус гуфт, хабар дод "Парстудей".
Ҷаҳонпур хабар дод, ки дар 24 соати гузашта, 1 ҳазору 958 бемори нав шиносоӣ шудаанд. Ӯ афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 112 ҳазору 725 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 50 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт фавти бархоста аз коронавирус дар Эрон ба 6 ҳазору 783 нафар расидааст.
Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон баён дошт, ки то кунун ҳудуди 630 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар озмоишгоҳҳои кишвар анҷом шудааст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки камтар аз 30 дарсади мавориди нав аз бистарии бемористонӣ ва ҳудуди 70 дарсади маворид аз афроде аст, ки нишонаҳои хафиф ва сабук доранд.