Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кумаки башардӯстона: Қазоқистон 5 ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон ирсол намуд

Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намудаст. Ин кумак аз 5 ҳазор тонна орд ибора аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik.Дар маросими қабули кумаки ирсолнамудаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафири он кишвар дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев иштирок намуд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Кумаки башарӣ: Тоҷикистон ба маблағи 43 миллион доллар орд ва дигар маҳсулот дарёфт кард

Ба иттилои манбаъ, Қазоқистон 5 ҳазор тонна орд ҳамчун кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудаст. Дар маросими қабули кумак сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин муовини мудири Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев ширкат намуданд.

Орд арзон мешавад? захираи 480 тонна орд ва 500 тонна гандум дар Рашт

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки сафири қазоқ зимни суханронии худ изҳор доштаст, ки Қазоқистон ҳамасола ба кишвари дӯст ва ҳамсояи Тоҷикистон кумаки башардӯстона ироа мекунад.

Ба маълумоти сафир, сар аз соли 2006 Қазоқистон ба маблағи 38 миллион доллар ба Тоҷикистон кумакҳо ирсол намудааст.

Зимнан, Соҳибҷон Зиёдуллоев ба роҳбарият ва мардуми Қазоқистон ба хотири дастгирӣ ва ироаи кумакҳои гуманитарӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.