Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҷаласаи корӣ дар Исфара: 14 нафар аз “вируси корона” шифо ёфтаанд

Дар шаҳри Исфара 34 нафар бо нишонаҳои бемории короновирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд. Вазъи саломатии 14 нафар беҳтар шуда, барои баргаштан ба хонаҳояшон рухсат дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Ин оморе, ки зимни баргузории ҷаласаи кории Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID -19 дар шаҳри Исфара ироа карда шуд.

Вазорат гуфт, шабонарӯзи гузашта касе аз коронавирус дар Тоҷикистон нафавтидааст

Тавре котиботи матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ин машварати корӣ дирӯз 12-уми май дар шаҳри Исфара баргузор шудааст ва дар кори он, раиси шаҳри Исфара, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сартабиб ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иштирок намуданд.

Дар машварати кории зери роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, иттилоъ дода шудааст, ки дар шаҳру деҳоти Исфара 250 табибони оилавӣ барои пшгирии сироятёбии беморон омодаи кори касбии худ буда, дар беморхонаи марказӣ ва ҷамоатҳо иловатан катҳои муолиҷавӣ дуруст карда шудааст.

Дар ин ҷаласа ба раисони ҷамаотҳо, фаъолони шаҳр дастур дода шудааст, ки байни мардум ташвиқоту таршиботи пешгирии бемориро пурзур намуда, аз гаштугузори бениқоб ва бемавриди сокинон дар кӯчаҳо пешгирӣ карда шавад.

Зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ гигиенӣ боиси паҳншавии бемори мегардад. Раиси вилояти Суғд таъкид намудааст, ки раванди корҳои безараргардонӣ беҳтар карда шуда, барои саривақт бартараф кардани нуқтаи пайдоиши беморӣ ҷидан корбарӣ сурат бигирад.

Вазири тандурустӣ нахустин тағйироташро аз сухангӯяш сар кард: ҳамкори қаблияшро овард

“Бинобар маълумоти фаврӣ то ҳол 34 нафар бо нишонаҳои бемории короновирус ва илтиҳоби шуш бистари карда шуда, 14 нафар бад аз табобат ва беҳтар гаштани вазъи саломатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуд. Шабонарӯзи гузашта дар шаҳру деҳоти Исфара ягон муроҷиат бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст”, иттилоъ додааст котиботи матбуоти раиси Суғд.

Барои беҳтар намудани шароити кории табибони шаҳри Исфара аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд 200 адад корҷома, миқдори зарурии ниқобҳо, маводҳои антисептикӣ ва доруворӣ, ҳамчунин маводи хурока аз қабили орд, биринҷ, равған ва дигар лавозимоти зарурӣ дастрас карда шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус хабар дода буд. Бино ба оморе, ки рӯзи 13-уми май ин вазорат эълон кард, шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 801 нафар расида, то ин сана 21 тан фавтидаанд.