ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раиси Кумитаи дин ин нуктаро дар мулоқоташ бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баён дошт.
Вай афзуд, Давлатзода аз намояндагони СҶТ хоҳиш намуд, ки тавсияҳои худро дар бораи тартиби дафни шаҳрвандони аз бемории сироятӣ фавтида пешниҳод намоянд.
“Аз ҷумла, Раиси Кумита иброз дошт, ки хуб мешуд, дар ҷараёни шустани майит ва дафни он ба қадри имкон талаботҳои фарҳангию мазҳабӣ ба эътибор гирифта шавад. Раиси Кумита иброз дошт, ки бо риояи ҳамаи талаботи гириенӣ дидани рӯи майит, ғусл додан ва дар қабр ниҳодани он аз ҷониби ҳадди ақал яке аз шахсони наздикаш миёни ҷомеаи мо бисёр ҳассос мебошад ва вобаста ба ин мавзӯъ, мо мавқеи Созмонро донистан мехостем, - гуфт Афшини Муқим.
Мулоқоти ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти бо Патрик О-Конор ва Олег Стороженка, намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бинои ин кумита баргузор гардид.
Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 13 – ум аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ва вазъи мубориза бар “вируси корона” дар кишварро таҳқиқ мекунад.