Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аз моҳонаи Раҳмон то... : Вазорати молия пули барои мубориза бо COVID-19 ҷамъшударо гуфт

Вазорати молияи Тоҷикистон маблағи ҷамъшуда дар фонди мубориза алайҳи коронавирус дар кишварро эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат ба ҳолати 12 майи соли ҷорӣ ба суратҳисобҳои мазкур 6,3 млн сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллари амрикоӣ ворид гардидааст.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Ба иттилои манбаъ, то ҳол ягон сомонӣ аз ин маблағҳо масраф нашудааст.

Манбаъ мегӯяд, маблағҳои мазкур дар асоси супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хароҷот карда мешаванд.

Вазорат гуфтааст, ҳисобот дар бораи истифодабарии маблағҳои болозикр дар сомонаи ин ниҳод ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нашр карда мешавад.

Ин нищод гуфтааст,  сарфаи маблағҳо аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия санҷида хоҳад шуд.

Вазир маошашро барои мубориза бо COVID-19 доду гуфт, имрӯз бояд дар канори мардум бошем

Ёдовар мешавем  бо мақсади мутамарказонидани кумакҳои молиявӣ барои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 воридшаванда бо супориши ҳукумат суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ ташкил шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз нахустинҳо шуда маоши якмоҳаашро ба он гузаронид.

Дар пайравӣ ба раисиҷумҳури кишвар дар ин иқдом ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ва вазирону раҳбарони вилояту навоҳиву корхонаву бонкҳо низ даст заданд.