Ҷашнҳои рӯзи 12 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 12 май дар Тоҷикистон – Рӯзи шашмақом таҷлил мешавад. Ин Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб буда дар Ҷумҳурии Сербия – Рӯзи артиш мебошад
Sputnik

Рӯзи 12 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1954 Украина узви ЮНЕСКО шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1993 Эстония ба узвияти Шӯрои Урупо қабул карда шуд.

Соли 2010 Маркази фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Маскав бахшида ба 65-солагии Ғалаба бар фашизм шоми мусиқавии миллатҳо — «Биёед дӯст бошем!»- ро баргузор намуд.

Соли 2010 дар Мянма дар бозии давраи интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё /КФО/ чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол — дастаи «Вахш» чемпиони Покистон — дастаи  «Озмоишгоҳҳои тадқиқотии Хон»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.

Рӯзи 12 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2012 аввалин ҷаласаи Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2015 Бонки рушди Осиё бонки «Эсхата»-ро ҳамчун бонки пешбар — ҳамкор оид ба тиҷорат ва маблағгузорӣ дар Тоҷикистон эътироф намуд.

Соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара — 3»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соли 2018 дар Кохи Борбад Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 май

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи шашмақом.
  • Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб.
  • Дар Ҷумҳурии Сербия – Рӯзи артиш.