ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Бо тасдиқи ин хабар ин адиби тоҷик дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар хона қарор дорад ва саломатиаш комилан хуб шудааст.
“Худоро шукр, ки тасфам поин шуду саломатиам барқарор гардид. Ҳоло ҳама хастагиҳо рафъ шуда, хушҳолиро эҳсос мекунам. Ташаккур, аз маъмурону масъулон ва ҳамаи шифокорону бародарону хоҳарони табиб, ки тӯли чанд муддат шабурӯз, барои саломатии мо заҳмат кашиданд”, - зикр намуд Шукурзода.
Ин адиби тоҷик ҳанӯз ду ҳафта қабл дар бемористони Хуҷанд қарор дошт. Рӯзи 27-уми апрел ҳини бозгашт ба Хуҷанд аз шаҳри Душанбе ҳарорат дар бадани ӯ якбора боло гирифт ва дар пайи муроҷиат духтурони беморхонаи клиникавии Суғд бистарӣ шудани адибро тақозо намуданд.
Шукурзода чанде қабл дар ҷараёни табобат дар бемористон ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки "Духтурон ҳама корро барои табобати мо иҷро карда истодаанд. Дар мо аз қатрадармонӣ истифода мекунанд. Шукр, ки ҳоло бе кӯмаки таҷҳизоти нафасдиҳанда (Оксгенератор) худам нафас мегирам".
Мирзо Шукурзода иброз намуд, ки дар бемористоне, дар Хуҷанд ҳамроҳи ҳудуди 15 нафар онҳое, ки аломати баландшавии ҳарорати бадан бистарӣ шудаанд, табобат мегирифт.
Ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз рухсат шудани Шукурзода, шоирони номвари тоҷик Фарзона ва Озарахш низ баъд аз 22 -рӯзи муддати табобат, 7-уми май аз бемористони ба номи Шайх Бурҳон и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хонаи худ баргаштанд.
Пештар аз ин адибони номвари тоҷик Қодири Рустам ва Муҳиддин Хоҷазод мубориза бо "вируси корона" - ро дар шароити бемористонҳои кишвар паси сар намуда бо комёбӣ ба манзилҳояшон роҳсипор шуданд.
Адиби тоҷик Мирзо Шукурзода, соли 1950 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шуда даврони мактабхонӣ ва навҷавонии ӯ дар Дилварзин дар ноҳияи Мастчоҳ ва ё Мастчоҳи нав сипарӣ шудааст. Ахиран дар моҳи январи имсол, бо баргузории як маҳфили ададбӣ дар остонаи 70-солагии рӯзи милоди ӯ дар Хуҷанд, ки ба фаъолияти панҷоҳ сола ва ё нимасраи эҷодии Шукурзода рос меояд ҷашн гирифта шуд.
Давоми ин солҳо ин муқаққиқи фаррохназар бо нашри даҳҳо очерку ҳикоя ва асарҳои таҳқиқотӣ аз ҷумлаи "Ҷонпайванд", "Тоҷикон дар қаламрави Ориёно", "Размоварони ҳиндукуш", "Кимёгари дурри дарӣ", "Арҷномаи Мирзо Аҳмадзода", "Офтоб дар оина", "Фарёди фоҷиаи Афғонистон", "Тоҷикон дар масири таърих" дар хазинаи фарҳанги миллии тоҷикон саҳми шоиста гузоштааст.
Мирзо Шукурзода, дорои унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус хабар дода буд.
Бино ба оморе, ки рӯзи 11-уми май ин вазорат эълон кард, шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 661 нафар расида, аз он 21 тан фавтидаанд.