Фаврӣ: ҳавопаймо аз Машҳади Эрон бо таҷҳизоти пизишкӣ ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард

Имрӯз аввалин парвози чартерӣ аз Машҳади Эрон ба самти Душанбе анҷом дода мешавад. Ширкати “Вориш” ба Тоҷикистон дар баробари таҷҳизоти пизишкӣ, шаҳрвандони ҷумҳуриро ба Ватан бармегардонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей” ин парвози чартер аввалин барномаи парвозӣ баъд аз шуйюи коронавирус ва бекор кардани парвозҳо байни ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон аст.

Мақомоти Эрон: марг аз вируси корона коҳиш ёфт, аммо сироятёбӣ рӯ ба афзоиш аст

Бино бар иттилои манбаъ, сомонаи Фурудгоҳи Ҳошиминажоди Машҳад, қарор аст бо ин парвоз, ки бо як ҳавопаймои модели Боингм- 737 мутааллиқ ба ширкати Вориш анҷом мешавад теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ мунтақил шаванд.

Ҳамчунин манбаъ зик кардааст, ки бо ин парвоз таҷҳизоти пизишкӣ низ ирсол мешавад.

Ҳамчунин то кунун тасмим гирифта шуда, ки парвози шумораи 6802 ба мақсади Душанбе, сешанбе 12 май соати 14:45 дақиқа барқарор шавад.

Ёдрас мешавем, ки санаи 7 май хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ овард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида хоҳанд шуд.