Ҳамла ба рӯзноманигор: дар Душанбе хабарнигори “Asia-Plus ”-ро латукӯб карданд

Дирӯз ду шахси номаълум ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамла карда ӯро сахт латукӯб карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik Тавре худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ахиран ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 дар назди хонааш, воқеъ дар наздикии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе ду нафари ношинос бе ягон сабаб ба ӯ ҳамла карданд.

Онҳо чизе нагуфта, ӯро хомӯшона латукӯб карданд. Ягон чизашро ҳам нагирифтанд. Баъд аз он, ки Абдуллоҳ овоз баланд кард, нафароне, ки ба ӯ ҳамла карданд аз ҷои ҳодиса гурехтанд.

Вай гуфт, пас аз ин ҳодиса ӯро ба бемористон бурданд.

Айни замон ӯ зери назорати табибон қарор дорад.