ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Донишманди маъруфи исломӣ Қорӣ Муҳаммадуллои Кӯлобӣ, ки ба бемории коронавирус мубтало ва дар беморхонаи "Якум Советский" бистарӣ шуда буд, шифо ёфт, хабар дод Қиёмиддин Сатторӣ.
Ба иттилои манбаъ, доммулло ба манзилаш баргашта, ба кулли нафароне, ки дар ҳаққашон дуои хайр карда буданд, изҳори сипос намуда, дуо кардааст, ки “Худованди Бузург ин балоро аз сари мардуми мо дафъ намояд ва ба ҳамаи беморон шифои комил ва оҷил ато намояд. Омин”.
Муҳаммадулои Шарифзод, ки миёни мардум бо номи Домулло Муҳаммадуллои Кӯлобӣ маъруф аст, ба Ҳоҷӣ Мирзо, руҳонии дигари шинохтаи тоҷик, ҳаққи устодӣ дорад. Домулло Муҳаммадулло, соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи Мулло Муҳаммадшариф таваллуд шуда, дониши диниро назди уламои шинохтаи Ислом гирифтааст.