Рӯзи парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

Вазорати алоқаи Федератсияи Русия рӯзи парвози навбатиро аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ кард. Ахиран ширкати "Уралские авиалинии" шоми 5 май як гурӯҳ шаҳрвандони Русияро аз Тоҷикистон ба ватанашон оварда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия рӯзи 21 май дар назар аст, хабар медиҳад Вазорати алоқа дар шабакаи Telegram.

Ин парвоз дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия анҷом дода хоҳад шуд.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард

Парвози махсуси "Уралские авиалинии" шаҳрвандоин Русияро аз Тоҷикистон берун овард

Қайд мешавад, ки парвози ҳавопаймо рӯзи 21 май аз Душанбе ба самти Маскав анҷом мешавад. Вале, вазорат дар ин баробар рақами парвоз ва соатро мушаххас нагуфтааст.

"Ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русияро, ки дар Маскав, вилояти Маскав ва вилоятҳои Владимир, Иванов, Калужск, Рязан, Смоленск, Твер, Тулск, Ярослав, Брянск, Орловск, Липетск, Тамбов, Воронеж, Курск, Псков, Новгород, Вологода, Костромск Нижегородск, Пензенск, ҳамчунин Мардовия ба сар мебаранд, ба Русия хоҳад овард", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки хоҳишмандон барои парвоз кардан бояд пешопеш дар портали госуслуг сабти ном шаванд ва дар асоси ин муроҷиатнома рӯйхати парвозкунандагон омода карда мешавад.

Парвозҳои махсуси ширкати русӣ аз Тоҷикистон лағв шуданд

Ёдрас мешавем, парвозҳои бомаром байни Тоҷикистону Русия бо далели пандемияи коронавирус сар аз моҳи марти соли равон қатъ шуданд.