Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Миннатдории Муҳриддин аз Ҳукумати Озарбойҷон барои кумаки тиббӣ

Сироҷиддин Муҳриддин ба Элмар Мамедяров барои кумаки башардӯстонаи иборат аз лавозимоти тиббӣ, ки 7 май ба Тоҷикистон ворид гардид, изҳори миннатдорӣ кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 9 май вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо аазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамедяров телефонӣ суҳбат кардааст.

Раҳмон ба Алиев саломатӣ хост: сӯҳбати ду президент аз коронавирус то кӯмак

Тибқи иттилои манбаъ, вазирони корҳои хориҷӣ якдигарро бо ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намудаанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ ҳамчун замина барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон хизмат хоҳад кард.

Мусоҳибон масоили мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирусро муҳокима намуда, якдигарро дар бораи вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ дар ду кишвар огоҳ карданд ва омодагии худро барои кори муштарак дар ин самт тасдиқ намуданд.

"Сироҷиддин Муҳриддин ба Элмар Мамедяров барои кумаки башардӯстона, ки 7 май ба Тоҷикистон  дар шакли лавозимоти тиббӣ ворид гардид, изҳори миннатдорӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 7 май Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон телефонӣ суҳбат карда, муносибати ду кишварро дар вазъияти пандемия баррасӣ кард.