ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги як руҳонӣ дар зиндон хабар пахш шуд ва бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ду нафари дигар ҳам дирӯзу имрӯз ҷон ба ҳақ супурдаанд. Ҳамзамон фарзандону пайвандони зиндониёни маъруф Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон, тариқи расонаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки падаронашон вазъи хеле вазнине доранд.
Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъҳо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо зиндонбони №1 – и кишвар, генерал – лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон тамос гирифта, нахуст аз ӯ пурсид, ки оё маргумир дар зиндонҳо зиёд шудаву ҳукумати Тоҷикистон ин арқомро пинҳон медорад?
Мансурҷон Умаров: Бале, ин ки маргумир дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳаст, дуруст аст. Зиндон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин ҷомиа аст. Он чӣ дар берун иттифоқ меафтад, таъсири ба зиндонҳо низ дорад. Аммо ин ки маргумир зиёд шудааст, мегӯянд, ба маънои он нест, ки ҳама зиндониён сар ба сар фавтида истода бошанд. То ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, 4 зиндонӣ бо ташхиси пневмония ҷон додаанд, аммо қанду дилу дигар маризиҳои ҳамрадиф доштанд. Аксарият аз 50 – сола зиёд буданд. Ду нафарашон ёдам ҳаст, ки бо моддаи 200 – и Кодекси ҷиноӣ – тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс шуда буданд.
Sputnik Тоҷикистон: 9 май ҷавоне ба номи Абдулфайз Раҷабов, маъруф ба Эшони Абдулфайз, ки 47 сол бештар синн надоштааст, дар зиндони шумораи 1-и Душанбе фавтидааст. Марги ӯро ҳам таъйид мекунед?
Мансурҷон Умаров: Ягон ҷои пинҳон доштан нест. Ин маризӣ имрӯз дар тамоми дунё бедодгарӣ дорад, касе напӯшидааст, мо ҳам пӯшида наметавонем. Бале, Абдулфайз Раҷабов ё Эшони Абдулфайз аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим буд ва бино ба иттилое, ки ман дар даст дорам, аввал тасф карда, сипас бо ташхиси "илтиҳоби шуш" фавтидааст.
Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, оё Шумо ҳам мутмаин ҳастед, ки ин фавтҳо ҳамоно пневмония асту "вируси корона" нест? Охир, пневмония маризии гузаранда намебошад?
Мансурҷон Умаров: Ҳеҷ аҷобат надорад, ки чунин бошад. Дар тамоми ҷаҳон ва дар кишвари мо ин маризиро расман эътироф карданд. Дигар як чизи маълуму рӯшан аст. Аммо аз нигоҳи ман, ҳоло муҳим ин нест, ки чӣ маризӣ аст, муҳим мо бояд вазъро мудирият кунем ва нагузорем, ки талафот зиёд шавад. Масалан, мо дар зиндонҳо тамоми тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва вазорати тандурустии кишварро ҳангоми ҷилавгирӣ, табобат ва назорати зиндониёни мариз риоят мекунем. Ҳатто дастурҳои алоҳидаи хаттӣ дарёфт карда, аз рӯи низоми пешниҳод кардаи онҳо табобат мекунем. Хушбахтона, беш аз 100 нафар табобат гирифта, рухсат шуданд.
Sputnik Тоҷикистон: Ҳоло боз чанд нафари дигар ҳастанд, ки таҳти тадовиянд ё вазъашон вазнин аст?
Мансурҷон Умаров: Тақрибан ҳаволии зуҳр вақте ман ҳисобот хостам, хабар ёфтам, ки ҳудуди 30 нафар ҳоло таҳти назорати табибонанд ва вазъи 4 нафари дигар вазнин аст. Шахсан дастур додам, ки духтурон ҷиддӣ бигиранд. Ин ки бо тасфу дигар авориз муроҷиат карда, ташхис мешаванд ва рухсат мешаванд, боз даҳҳо нафари дигар аст.
Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъ то кадом дараҷа таҳти контрол аст ва то куҷо ба наздикону пайвандони зиндониён эътимод дода метавонед, ки як фоҷиаи башарӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон иттифоқ намеафтад?
Мансурҷон Умаров: Мо дар зиндонҳо қарантина эълон кардаем. Афроде, ки каме тасф бароварданд, зуд таҳти назорат гирифта мешаванд. Мо ин омодагиҳоро аз хеле пеш гирифта будем. Ба мардуми худ итминон медиҳем, ки ҳеҷ фоҷиае ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Мехоҳам як чиро дарк кунанд: дар зиндонҳо ҳам он шароите ҳаст, ки дар берун ҳаст. Бунгоҳи тиббӣ, шифохона, духтур, дору, таҷҳизоти тиббӣ – оксигенератор, дастгоҳи нафаси сунъӣ... ҳама ҳаст. Аз кӯмакҳое, ки ба кишвар омаданд, доруву дармону таҷҳизот ба мо ҳам расид, худи ҳукумат ҳам ҷудо кард. Хотирашон ҷамъ бошад, ки ин ҷо вазъи сиҳӣ таҳти назорат аст.
Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, писарони Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Сайидов, ки дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бад шудани вазъи саломатӣ ва эҳтимоли ба "коронавирус" гирифтор шудани падаронашон изҳори ташвиш карданд. Оё воқеан, вазъи онҳо вахим аст?
Мансурҷон Умаров: Дуруст гуфтаанд, ки вазъи ҳам Раҳматуллоҳи Раҷаб ва ҳам Зайд Сайидов як муддат вахим шуд. Ҳарду тасф бароварданд ва ҳарду ба бунгоҳи тиббӣ интиқол ёфтанд. Ҳоло вазъи ҳарду рӯ ба беҳбудӣ аст. Бахусус, ҳолати Раҳматуллоҳи Раҷаб вазнин шуда буд, ки ҳоло аз вазъи буҳронӣ гузашта, саломатиаш беҳбуд меёбад. Худи ҳамин саҳар ман аз пизишкони муассисаи якум шахсан вазъи Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Саидовро пурсидам, ки чӣ тур ҳастанд. Посух доданд, ки ҳарду сари по шудаанд, роҳ мегарданд.
Sputnik Тоҷикистон: Шумо дурустии чанд иттилоеро, ки мо аз шабкаҳои иҷтимоӣ хонда, бо Шумо матраҳ кардем, таъйид кардед. Оё ин иттилоот чӣ гуна ба берун дарз мекунанд ва чӣ тур пайвандон аз вазъи хешовандони худ огоҳ мешаванд?
Мансурҷон Умаров: Ёдатон бошад, аз 31 март тамоми тамосу мулоқоту дастовезҳо ба зиндониёнро манъ карда будем. Аммо тамоси телефонӣ ва ҳам қабули хӯрока тибқи меъёру низомнома қатъ нашудааст. Мо 24 соат дар ихтиёри маҳбусон телефон гузоштаем, ки бо наздикони худ робита дошта бошанд. Дар ҳамаи муассисаҳо аз чунин тилфонҳо 20 – тоӣ дорем. Шумо чӣ фикр мекунед, ин хабарҳоеро, ки наздикон аз дохили зиндонҳо ба даст меоранд, аз куҷост? Тариқи ҳамин тамосҳост ва мо ҳам хабар дорем.
Sputnik Тоҷикистон: Ин иқдоми худи Шумост е...?
Мансурҷон Умаров: На, ин тақозои қонун аст, иқдоми шахсии ман ё Раёсату вазорат нест.
Sputnik Тоҷикистон: Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, ҳар маҳбус метавонад озод бо пайвандонаш дар тамос шавад, ҳатто онҳое, ки бо иттиҳомҳои вазнинтарин – даст доштан дар терроризму қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд?
Мансурҷон Умаров: Бале, ин талаботи қонун аст ва ҳар маҳбус новобаста аз сатҳи ҷинояташ ҳақ дорад бо хонаводааш тамоси телефонӣ дошта бошад. ҲНИТ аз куҷо фаҳмид, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб мариз аст? Аз фарзандаш, ки бо ӯ дар тамос мебошад ва ин тамоси қонунӣ аст. Метавонед худашро пурсед. Вазъи "наҳзатиҳо" – и дигар ҳам хуб аст, шикояте надоранд. Хуллас, дар дохили зиндонҳо ягон гапи пӯшидае нест. Ҳар чӣ мешавад, хабар меёбанд. Лутфан афроди судҷӯ воҳима наангезанд.
Sputnik Тоҷикистон: Бархе кишварҳои ҷаҳон аз хавфи ин, ки "вируси корона" ба маҳбасҳо ворид шуда, фоҷиа барпо накунад, ё зиндониёнро раҳо карданд, ё авф ва ё озод. Оё пеши рӯи ҳукумати Тоҷикистон низ суол пеш омадааст?
Мансурҷон Умаров: Ростӣ, ин мавзуъ ба вазорати адлия, бахусус, Раёсати зиндонҳо рабт намегирад. Салоҳияти мо нест. Мо иҷрогар ҳастем. Тасмимро ҳукумат, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл мегиранд. Агар дастур доданд, чаро не? Ҳоло коре, ки мо мекунем, назорат ва мудирияти вазъ аст.