Нахустин ҷаласаи вазири нави тандурустӣ: аз вазъи беморон то имтиёз ба табибони фавтида

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустии кишвар нахустин ҷаласаи худро оид ба пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 баргузор кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Дар ин ҷаласа, ки бо ширкати муовинони Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ доир шудааст, ба вазир дар бораи вазъ ва ҳолати тандурустии кишвар гузориш додаанд.

Миннатдории Абдуллозода аз Ҳукумати Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисон

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурусти кишвар Шодихон Ҷамшед, муовини вазир оид ба ҳолати кунунии бемории коронавируси ва  вазъи муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати қабули беморон дар мамлакат ва ҳамчунин дар бораи раванди бистарикунонии беморон, таъминоти табибон бо либоси муҳофизатӣ ва беморон бо доруворӣ ва мушкилиҳои дар ин самт мавҷудбуда гузориш додааст.

Шодихон Ҷамшед гуфтааст, ки табобати беморон дар хона пурра зери назорат гирифта шуда, Барои ин кор табибони оилавӣ бояд пурра сафарбар карда шуда, назоратро дар ин самт раёсати тандурустии шаҳри Душанбе пурзӯр намояд ва омори дар хона табобатшудагон низ ба вазорат пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунни муовини вазир дар бораи нархномаи томографияи компютерӣ (КТ), рентген, арзиши доруворӣ Шодихон Ҷамшед андешаҳояшро баён дошта, изҳор намуд, ки нархи онҳо ба танзим дароварда, назорат карда шавад.

Омори COVID-19 дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон: 6 фавт ва 90 мавриди ҷадид

Дар идомаи ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои нарасидани кадрҳои баландихтисос, омода намудани муассисаҳои ғайритиббӣ, таъсиси  махзани ягонаи кадрҳои тиббӣ, имтиёз ба духтурони фавтида ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вазорат дар бораи имтиёз ба табибони фавтида гуфтааст, аммо нагуфтааст, чи имтиёзҳо дода мешавад.