ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Ахиан дар шаҳри Норак Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак.
Тибқи иттилои манбаъ, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, раиси шаҳри Норак аз натиҷаи корҳои анҷоёфтаи гурӯҳҳои корӣ изҳори қаноатмандӣ намудаааст.
Вай ба масъулин дастур додааст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро барои бе зарурат аз хона баромадани шаҳрвандон, ба аҳолӣ дастрас намудани ниқобҳо ва дигар маводҳои зарурӣ бештар намоянд.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки сардухтури беморхонаи марказӣ, менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мудири шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ оид ба вазъи мавҷуда маълумот доданд.
Манбаъ таъкид доҳтааст, ки айни замон вазъият дар шаҳру деҳот муътадил буда, ҳамаи чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар шаҳр андешида шуда истодааст.