ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Хайрӣ Назарова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 90-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ вақтҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд ва имрӯз санаи 10 май як рӯз пас аз Рӯзи Ғалаба аз олам чашм пӯшид.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова 2-июли соли 1929 таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1942 то 1951 ба ҳайси сароянда ва раққосаи Театри халқии ноҳияи Қӯрғонтеппа шурўъ намудааст.
Баъдан дар саҳнаи театр нақшҳои зиёди хотирмонро иҷро кардаст. Аз ҷумла нақши Зўҳро дар намоишномаи “Тоҳир ва Зўҳро”-и Саид Абдулло, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”-и Ҳакимзода Хамза, Райҳон дар«Арўси панҷсўма»-и М. Урдубодӣ ва ғайра.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст.
Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш дар спектаклҳои “Ромео ва Ҷулетта” (1953, 1963), “Шоҳ Лир” (1957), “Отелло”-и У. Шекспир (1963) мебошад.
Ҳамчунин нақшҳои дигари ў Савсан дар “Номус”-и А. Шервонзода (1953), Ширин дар “Афсонаи ишқ”-и Н. Ҳикмат (1954), Қумрӣ дар “Дил-дили Зайнаб”-и Шамсӣ Қиёмов ва А. Мароз (1955), Ҷамила дар «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (1957), Нигина дар “Рўдакӣ”-и Сотим Улуғзода (1963), Маша дар “Соати бурҷи Кремл”-и Н. Погодин (1960), Маҳзода дар «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (1963), Манижа “Бежан ва Манижа”-и Ҳ. Хушкинобӣ (1968), Архонта дар “Муборизон”-и С. Крас (1976), Зебуннисо дар “Зебуннисо”-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ (1977), Азиза дар “Интизорӣ”-и М. Ҳакимова (1958), Гертруда дар “Ҳамлет”-и У. Шекспир, Соттӣ дар “Исёни арўсон”-и С. Аҳмадов (1960), Шамсия дар«Баҳои умр»-и С. Сафаров (1963) мебошанд.
Дар баъзе филмҳои истеҳсоли киностудияи “Тоҷикфилм”: “Дўсти ман Наврўзов”(1957), “Вазифаи олӣ” (1958), “Дувоздаҳ соати ҳаёт” (1964) низ нақшҳои хотирмон бозидааст.
Ҳамчунин ў дар дубляжи беш аз 500 филм иштирок кардааст.
Солҳои 1963-1967 вакили мардум дар парламони Тоҷикистон будааст.
Хизматҳои Хайрӣ Назарова бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоиста, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.