Беморхона  дар майдони футбол: чӣ гуна табибони ӯзбек ба Тоҷикистон кумак мерасонанд

Рӯзи ҷумъаи гузашта як гурӯҳи пизишкони Ӯзбекистон бо ҳидояти Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури он кишвар барои кӯмак ба мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон омаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Дар Тоҷикистон дар майдони футболи “Бофанда”-и пойтахт як клиникаи муваққатии сайёр сохта мешавад. Ҷараёни Сохтмон чӣ гуна идома дорад,  телевизиони Мир24 гузориш додааст.

Миннатдории Абдуллозода аз Ҳукумати Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисон

Дармонгоҳҳои сайёри махсусро барои қабули беморони коронавирус аз Ӯзбекистон тавассути қатора ҳамчун кумаки башардӯстона овардаанд.
Ҳамакнун дар варзишгоҳ, ба ҷои майдони футбол, дармонгоҳҳои сайёр бо шароити зарурӣ гузошта шудааст.

"Ҳар як дармонгоҳи сайёр як палатаи хурд мебошад, ки дар он ҷо ҳама шароити табобат ва ҷои зист ҳаст. Чор нафар дар як қуттӣ ҷойгир карда мешаванд" - гуфт Мирзошариф Исматзода як масъули корҳои сохтмонии дармонгоҳи сайёр.

Беморхонаи муваққатӣ дар сурати паҳншавии босуръати коронавирус дар Тоҷикистон сарбории беморхонаҳоро коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт.

Мутахассисон аз Ӯзбекистон, ки бо ҳавопаймо ба пойтахти Тоҷикистон омаданд, дар пойгоҳ ҷойгиранд.

Неъматҷон Иброҳимов, сарвари Академияи тиббии Тошканд дар навори видеоӣ гуфт, мубориза бо коронавирусро пештар шурӯъ кардаанд, бинобар ҳамин таҷриба доранд: "Мо барвақт сар кардем ва таҷриба дорем. Бо мо мутахассисони бемориҳои сироятӣ, реаниматологҳо омаданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин касалиҳоро якҷоя бартараф кунем".

Табибон бо худ тамоми лавозимонти зарурӣ аз қабили дастгоҳҳои сунъии нафасдиҳӣ, доруворӣ ва таҷҳизоти муҳофизатиро овардаанд.