Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аз воҳимаи беасос то нархи баланди доруворӣ: муроҷиати занони Хуҷанд ба мардуми Тоҷикистон

Занони фаъоли шаҳри Хуҷанд ба мардуми Тоҷикистон дар робита ба паҳншавии коронавирус дар кишвар, муроҷиатнома ироа кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Бо муроҷиатномаи худ занони шаҳри Хуҷанд мардуми кишварро ба таҳаммулпазирӣ ва нотарсию ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардаанд.

Дар муроҷиатномаи занону модарони шаҳри Хуҷанд, ки сухангӯи раиси шаҳр, Маъмур Юсуфов дар фейсбук нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: "имрўзҳо Тоҷикистони азизи моро чун дигар мардуми тамоми сайёраи олам маризии ногаҳонӣ бо номи коронавирус «Ковид-19» фаро гирифта, ба ташвишу таҳлука овардааст. Ин мушкилоту муаммои танҳо як шахси алоҳида ва ё кишвари ҷудогона нест, балки имтиҳони сахту сангин дар назди ҷомеаи соири мамлакатҳои дунё мебошад.

Сокини Хуҷанд пули Ҳаҷро барои мубориза бо COVID -19 дод

Алалхусус, ин рӯзгори пурташвишу хавотиромез, изтироболуду ҳассос дили мо, бонувону модаронро, ки гармиву равшании хонадон бештар аз мо вобаста асту тансиҳатӣ, тинҷиву осудагӣ, офияти пайваста, лабханди ширини кўдакон ва саодати кулли фарзандони олам, орзую ормонҳои азаливу ҷовидонии ҳар яке мост, реш-реш месозад.

Мутаассифона, дар ин рўзҳои душвор душманони миллат аз вазъи ноустувору мураккаби рўҳиву равонии мардум истифода карда, миёни одамон иғво бармеангезанд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна овозаҳои бардурўғ ва ваҳмангезро паҳн месозанд ва ҷудоию парокандагӣ ба вуҷуд меоранд.

Зиёда аз ин, баъзе аз тоҷирон ва фурушандагон аз ҳадди инсоф гузашта, нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, дорувориҳои зидди зукомӣ ва зиддифуниро боло мебардоранд. Набояд, фаромўш кард, ки мо дар парокандагии эҳсосу амалу андеша наметавонем, ба муқобили ин вабои аср мубориза барем ва ғолиб оем.

Пири ҳакимони Машриқзамин Шайх Абўалӣ Ибни Сино ҳанўз дар замони худ гуфта буд, ки «Тарс дар муқобилат бо ин вирус ҷисми инсонро заифтар мегардонад». Бинобар ин, моро зарур аст, ки тарсу ваҳмро аз вуҷуди худ дур созем, зеро ин беморӣ муолиҷашаванда аст. Мо бояд аз ҳарвақта бештар бо ҳам меҳрубон бошем, дасти ҳам бигирем, кинаву адолат, бухлу ҳасад аз дилҳову қалбҳо зудуда созем.

Имону эътиқод, адлу инсоф, дўстиву муҳаббат, садоқату ҳақиқатро аз барномаи зиндагии худ ҳаргиз дур наандозем . Омили асосӣ ва нахустини тансиҳатии одам ин тозагии дастон, аъзои бадан, покии афкору андеша, озодагии манзилу истиқоматгоҳ, муҳити атроф ва ҳифзи он аст. Мақоли оддӣ ва ниҳоят соддаи «Тозагӣ- гарави саломатӣ», ки бардошт аз рўзғори чандинҳазорсолаи ниёгони мост, бояд шиори ҳамарўзаи мову Шумо ва фарзандони азизи мо бошад.

Вирусшиносони ӯзбек барои мубориза бо COVID-19 вориди Душанбе шуданд

Мо, занону модарон дуохони ҳамаи табибон, ҳамшираҳову бародарони шафқат, оростакорону тозакорон, кулли кормандони қароргоҳи ёрии таъҷилӣ, муассисаҳои тандурустӣ мекунем, ки ба қасами худ содиқ монда, шабро шабу, рўзро рўз нагуфта, паи ҳифзи саломатии мардум ҷони худро ба хатар мегузоранду шуҷоату мардонагӣ нишон медиҳанд.

Ҳамчунин сипосу минатдории худро ба кулли соҳибкорону савобандўзон мерасонем, ки бо камоли инсонӣ амалҳои хайр анҷом медиҳанд, ба беморон шифои комил ва ба пайвандони онҳо, ки аз маризӣ даргузаштанд, сабри ҷамил металабем.

Имрўз вақти якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ сабру таҳаммулу устуворӣ, вақти имтиҳону санҷиш аст. Боварии комил дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин имтиҳони сангинӣ зиндагиро бо сарбаландӣ, бо умеду боварӣ паси сар мекунад ва боз камари ҳиммат баҳри ободиву созандагии кишвари азизамон мебанданд".