ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Аз дармонгоҳҳои Русия давоми як шабонарӯзи ахир 5308 нафар мураххас шуданд. Вале дар ҳамин муддат боз 10817 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.
Ба ҳамин минвол бо ошкор шудани ҳолаатҳои нави мубталошавӣ ба ин беморӣ, теъдоди умумии дардмандон дар Русия ба 198 676 нафар баробар шуд.
Рекорди нав дар Русия: мубтало шудани 7000 кас дар як рӯз ба COVID -19
Маскав ҳамоно аз лиҳози теъдоди бештари мубталоёни коронавирус дар мақоми аввал ҷой дорад. Танҳо дар як шабонарӯзи ахир даар пойтахти Русия 5667 ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд.
Зикр мегардад, ки синну соли аксари мубталоён ба коронавирус аз 65 - сола поён мебошад.
Бояд гуфт, ки Русия ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии барзиёди ин маризӣ ҳатто имрӯз, 9 - уми май аз баргузории сартосарии Иди Ғалаба низ даст кашид.