Муҳриддинов ва Айдарбеков муноқишаи марзиро дар як тамоси телефонӣ баррасӣ карданд

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба ноамнии ахир дар марз мулоқоти фаврӣ баргузор намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Бо назардошти вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳбарони вазоратҳои умури хориҷии ҳар ду давлат гуфтушунидҳои фаврӣ баргузор карданд.

Ҷароҳати 2 тоҷик: даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва шарҳи ҷонибҳо
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки амалҳои фаврии ҳамоҳангсозии ҳодиса заруранд.

Инчунин, Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои доимиро дар масъалаҳои муноқишаҳои сарҳадӣ идома диҳанд.

Ёдовар мегаавем, ки рӯзи 8 - уми май дар пайи даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар захмӣ шудаанд.

Ин ду нафар сокинони маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Аёмиддин Шарипов, мутаваллиди соли 1971 ва Фазлиддин Фозилов, мутаваллиди соли 1983 мебошанд, иттилоъ дод  Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдории Исафара ба Sputnik Тоҷикистон. Ӯ гуфт, ки аввалӣ, ҳангоми сангпартоӣ аз сар захми шадид бардошта, дигарӣ аз тири силоҳи шикорӣ шадидан маҷруҳ шудааст.