Мирзоев сенарияи баргузории Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистонро гуфт

Раиси Иттифоқи собиқадорони интернатсионалисти Тоҷикистон Шавкат Мирзоев сенарияи таҷлил гардидани Рӯзи Ғалаба дар кишварро гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳамаи чорабиниҳо дар Тоҷикистон тибқи қарорҳои ҳукумат ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор мешаванд, гуфт раиси Иттифоқи собиқадорони байналмилалии Тоҷикистон Шавкат Мирзоев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Русия ба Рӯзи ғалаба омодагӣ мебинад - акс
Сохторҳои қудратии Вазорати мудофиа назди ёдгориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дастагулҳо гузошта, маросими хурди идона низ ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Путин ҳамдигарро ба Рӯзи ғалаба табрик карданд

Зимнан, ҳамаи чорабиниҳо бо шумораи маҳдуди ширкаткунандагон бо риояи масофаи таъйиншуда миёни онҳо баргузор мегардад.

"Бузургсолоронро ба ин чорабинӣ ҷалб нахоҳем кард. Онҳоро аллакай давоми ҳафтаи равон бевосита табрик намудем", - илова намуд Мирзоев.

Раиси Иттифоқи ветеранҳо инчунин гуфт, ки бар иловаи пардохтҳои ҷумҳуриявӣ ба собиқадорони ҳар як минтақа имтиёзҳои пулӣ ва кӯмакҳои илова дода мешавад.

Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони Тоҷикистон дар маъракаи онлайнии "Ҳанги ҷовидона" низ иштирок хоҳанд кард.