“Аскарони ғолиб”: муаррифии онлайнии китоби охирини генерал Ҳабибов

Дирӯз, 7 май, китоби охирини генерал – майор Абдуллоҳ Ҳабибов тариқи онлайн ва бо ширкати сафири Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе муаррифӣ шуд. Марҳум ин китобро ду рӯз қабл аз марги худ ба дасти чоп дода буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Давлат Ҳабибов, иҷрокунандаи вазифаи раиси "Дӯстони Русия", анҷумане, ки Абдуллоҳ Ҳабибов то рӯзҳои охирини зиндагӣ раҳбарӣ мекард, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, падари марҳумаш ду рӯз қабл аз маргаш ин китобро барои чоп дар ихтиёри интишороти “Шарқи озод” гузошта буд.

“Орзу мекард, ки дар расми муаррифии китоб ширкат кунад ва бигӯяд, ин китобро ба он хотир таҳия кардааст, то ояндагон бидонанд, падарони онҳо кӣ буданд ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чӣ нақшро ифо карданд. Ӯ аз ин ки пеши насли нав корномаҳои падаронашон дар он ҷанги бузург камранг мешавад, ранҷ мебурд ва мегуфт: ин як чизе нест, ки фаромӯш шавад”, - гуфт Давлат Ҳабибов.

 

“Аскарони ғолиб”: муаррифии онлайнии китоби охирини генерал Ҳабибов

 “Аскарони ғолиб” аввалин китобест, ки дар Тоҷикистон тариқи онлайн бо ширкати намояндагони сафоратҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, “Россотрудничество”, Академияи вазорати умури дохилӣ, олимон, рӯзноманигорон ва дигар қишрҳои ҷомиаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон низ тариқи онлайн нашри ин китобро бар мардуми Тоҷикистон муборакбод гуфта, Абдулло Ҳабибовро яке аз “дӯстони самимии Русия” унвон кард.

Вай гуфт, густариши “вируси корона” ин имконро аз ҳама гирифт, ки мустақим дар як толор ҷамъ оянд ва радду бадали андешаҳои худ кунанд.

 “Абдулло Ҳабибов, ин марди пурэнержӣ ва хориқулодда барои беҳбуди равобити Русияву Тоҷикистон кори зиёде анҷом дод. Ӯ аз Русия гарм сӯҳбат мекард ва дӯсти ҳақиқии мардуми рус буд. Хеле рамзист, ки имрӯзҳо бояд ӯ 80 – сола мешуд. Китоб ҳам як туҳфаи рамзии ӯ ба рӯзи мавлуди дӯсти мӯътабари мо ва 75 – солагии Ғалабаи Бузург аст. Умедворам, ки ба ҳамин қарибӣ мо ба хонаводаи генерал нишони “75 – солагии Ғалаби бузург дар Ҷанги Бузурги ватанӣ” – ро тақдим кунем”, - гуфт Игор Лякин – Фролов.

 

“Аскарони ғолиб”: муаррифии онлайнии китоби охирини генерал Ҳабибов

“Аскарони ғолиб” қиссаи 153 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон аст, ки аз сӯи Абдулло Ҳабибов бо иттифоқи рӯзноманигорон Раҷаби Мирзо ва Муҳибуллоҳи Қурбон дар 350 саҳифа ҷамъоварӣ шудааст.

Қиссаҳо аз сӯи ҳар як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақли қавл шуда, тайи як сол аз сӯи муаллифон гирдоварӣ ва китобат шудаанд.

Ба ҳамин минвол, ҳунармандони Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ тариқи онлайн он қиссаҳоро иҷро карданд ва ин ҳавои маҳфили онлайнии муаррифии китоби “Аскарони ғолиб” – ро рангубори дигар дод.

 Мирзо Бекматови 96 – сола, сокини шаҳри Кӯлоб, танҳо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки ба маҳфил пайваст. Ӯ хотираҳои худро аз айёми ҷанг бо ширкатдорон ба миён гузошт ва аз ҳамяроқони худ бо оби дида ёд кард.

 “Ҳар як ҷавонмардро он ҷанг ба коми худ кашид, ки то ба ҳол чеҳраҳояшон аз пеши назарам гум намешаванд. Аз ҳар миллату давлат буданд. Аммо ҳама як ният ва як мақсад доштанд – озодии ватан аз таҷовузгарон. Мо ба ин мақсади худ расидем. Ҳоло насли нави ҷавони мо ҳам бояд мисли мо муттаҳид бошанд ва имрӯзҳо ин ваборо, ки ба сари мардуми ҷаҳон омадааст, мисли фашизм нобуд кунанд”, - гуфт Мирзо Бекматов.

Бақия ширкатдорон, ба шумули намояндагони сафоратҳову кормандони мақомоти қудратӣ ва олимону рӯзноманигорон низ дар сӯҳбатҳои худ аз иди Ғалабаи бузург суҳбатҳое анҷом доданд. Аммо ҳамоно дар интиҳои гуфтори онҳо сухан ба сӯи генерали марҳум Абдулло Ҳабибов, мубтакир, муаллиф ва сармоягузори китоби “Аскарони ғолиб” тоб мехӯрд.

 

“Аскарони ғолиб”: муаррифии онлайнии китоби охирини генерал Ҳабибов

Марҳум 24 апрели соли равон шаш қабл аз 80 – солагиаш даъвати Ҳақро лаббайк гуфт. Ҳамкорони дигари ӯ дар нашри ин китоб бар он ҳама, ки навишта шуда буд, фақат як ҷумла афзуданд: “Ёдгоре аз заҳматҳои охирини Абдулло Ҳабибов, ки чанд рӯз пеш аз нашри китоб реҳлат намуд”.