Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Омори COVID-19 дар Тоҷикистон: 4 фавт ва 82 мавриди ҷадид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди фавтидагон ва гирифторон ба маризии “вируси корона” ё COVID-19 дар як рӯзи ахир хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Дар иттилоияе, ки Маркази матбуоти Вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:30 дақиқаи имрӯз – 7 май теъдоди гирифторони "вируси корона" дар кишвар ба 461 нафар расида, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ чашм аз олам пӯшидаанд, 4 нафар афзуд ва ба 12 нафар расид.

"Ба ҳолати шоми 7 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 345 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд”, - омадааст дар иттилоияи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.