Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

21 мошини БДА дар хизмат: дар Суғд бо баландгӯяк сокинонро аз вирус огоҳ мекунанд

Дар ин самт дар ҳудуди 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 нақлиёти хизматӣ ва кормандони вобасташуда барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ масъул карда шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. БДА дар вилояти Суғд тарғиботи зиддивирусӣ мебаранд, гузориш медиҳад ВКд Тоҷикистон.

"Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун ҷузъи шохаи иҷрояи Ҳокимияти давлатӣ барои пешгирӣ аз ин вабои аср ҳамарӯза дар баробари иҷрои хизматрасонии амалии безараргардонӣ корҳои фаҳмонидадиҳиро дар байни аҳоли вусъат додааст", - менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, БДА аз сокинон ба риояи гигиенаи шахсӣ, безарурият ба кӯча набаромадан, ба таҳлука наафтодан ва иҷрои тавсияҳои табибон даъват мекунад.
Муроҷиати Шӯрои иттифоқи касабаи Суғд ба соҳибкорон: кормандони тибро дастгирӣ кунед

Бо истифода аз дастгоҳҳои садодиҳандаи нақлиётҳои хизматии БДА пахши иттилоъ ва эълонҳои тавсиявӣ дар байни аҳолӣ бо дастури роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба реҷаи хизматии кормандони БДА дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид карда шуд.

Бо ҳамин мақсад ҳамарӯза нақлиётҳои хизматӣ сафарбар карда мешаванд. Дар ин самт дар ҳудуди 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 нақлиёти хизматӣ ва кормандони вобасташуда барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ масъул карда шудаанд.

Фаврӣ: хатсайри махсус ба Душанбе дорувориву лавозимоти тиббӣ овард - аксҳо