Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Рустами Эмомалӣ раҳбарони ду беморхонаи калонтарини пойтахтро таъйин кард

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт раҳбарони ду беморхонаи калонтарини пойтахт - “Истиқлол” ва “Якум советски"-ро таъйин намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ бо дастури Рустами Эмрмалӣ, Рустам Хуршедзода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” озод гардида, ба мансаби директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” таъйин гардид.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз вазифа барканор шуд

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Рустами Эмомалӣ Фаррух Маҳмадзодаро аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” маърум бо “Якум Советский” таъйин кардааст.

Ёдовар мешавем рӯзи гузашта Ҷамолиддин Абдуллозода, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз раҳбарии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва вазири тандурустии Тоҷикистон таъйин шуд.