ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон, бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба барои кумаки якдафъаина ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилоят 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо кард.
“Мукофоти молиявии раиси вилоят ба ҳамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба ҳар як нафар ба андозаи 2500 сомонӣ рост меояд, зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон бо тантана тақдим карда шуд”, - хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар собиқадори ҶБВ, ки феълан дар қайди ҳаётанд, 6 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Теъдоди умумии иштирокчиёни ҶБВ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 170 нафар арзёбӣ мешавад.
Тибқи иттилои котиботи раиси Хатлон, дар вилоят то имрӯз шумораи иштирокчиёни ҶБВ 24 нафар ва маъбони ҶБВ 33 нафарро ташкил медиҳад. Манбаъ таъкид кард, ки дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳамаи онҳо кумакҳои яквақтаина расонида мешавад.