Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Олга Любимова, вазири фарҳанги Русия гирифтори коронавирус шуд

Вазир ба таври фосилавӣ кор мекунад ва беморияш сабук аст, бинобар ин дар беморхона бистарӣ нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Вазири фарҳанги Русия Олга Любимова гирифтори коронавирус шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ӯ бемории вазир ҳоло сабук буда, ҳоло барои ба беморхрна бурдан сухан намеравад.

Нахуствазири Русия гирифтори коронавирус шуд

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир Олга Любимова корҳои идорияшро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад.

"Натиҷаҳои санҷиши COVID-19-и ӯ мусбат баромад. Вазир дар хона аст, маҷлисҳои корро тавассути видеоконфронс баргузор мекунад, дар маҷлисҳо ва гуфтушунидҳо дар формати онлайн ширкат мекунад. Беморияш сабук аст" - гуфт намояндаи Любимова.

Гуфта мешавад, ҳоло вазир зери назорати табибон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, қаблан Нахуствазири Русия Михаил Мишустин эълон кард, ки гирифтори Ковид-19 шудааст.
Дар бораи бемориаш нахуствазири Русия шахсан ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи фосилавии ҳукумат хабар дод.

Бар пояи оморҳои ахир шумораи беморони коронавирус дар Русия ба 165 ҳазор нафар  расидааст. Танҳо дар як рӯзи охир дар ин кишвар 10 ҳазору 559 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.