Гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба: гулчини аксҳо аз солҳои гуногун

Sputnik

Нуҳуми май ҳамасола ҳамчун як рӯзи ҳаяҷонбахш мебошад. Новобаста аз он ки кадомин солгарди ин санаи муборак ҷашн гирифта мешавад.

Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо гузашти низомӣ Рӯзи Ғалабаро таҷлил намуданд

Ин рӯз анъанаҳои хос дорад: бедор шудан аз садои ҷангиён ва чархболҳо, ҳатман пахши мустақими гузашти низомӣро пайгирӣ кардан ва онро аз аввал то ба охир тамошо намудан, сурудҳои солҳои ҷангро иҷро кардан, дар боғи марказии шаҳр ба назди муҷассамаи сарбози ношинос рафтан, филмҳои сиёҳ ва сафеду шӯравиро тамошо намудан ҳамчун анъанаҳои ин ҷашн дониста мешаванд шудааст.

Чанде пеш ба ин анъанаҳои ёд кардан аз он рӯзҳо боз як анъанаи нек илова шуд: пас аз гузашти низомӣ дар қатори "Ҳанги ҷовидона" бо аксҳои бобоён ва пайвандоне, ки бевосита иштирокчии ин набард буданд, гашу гузор намудан.

Иштироки Раҳмон дар гузашти низомӣ - гузориши акси аз ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба

Бояд гуфт, ки нахустин гузашти низомӣ дар Майдони Сурх 24 июни соли 1945 баргузор шуд. Гузашти низомӣ аз ҷониби маршал Георгий Жуков ба аспи сафед фармон дода шуд.

Дар Тоҷикистон гузашти низомӣ доир мешавад: 9 май дар Душанбе

Дар давраи Шӯравӣ  гузашти ғалаба 9 май танҳо дар санаи ҷашнӣ - 1965, 1985 ва 1990 баргузор мешуд. Аз соли 1995 инҷониб ин гузашт ҳамасола баргузор мешавад.

Аз соли 2008 дар гузашти низомӣ инчунин техникаҳои вазнини ҳарбӣ низ ҳузур пайдо карданд.

Гузашти охири бузург санаи 9 майи соли 2015, 70-солагии хотима ёфтани ҷанг баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 16 ҳазор хидматчиёни ҳарбӣ, 194 воҳиди техникии низомии хушкӣ ва зиёда аз 140 ҳавопаймо ва чархболҳо ҳузур доштанд; 31 роҳбари давлатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Гузашт бо иштироки зиёда аз 78,5 ҳазор нафар сурат гирифт.

1 / 14
Гузашти низомӣ дар шаҳри Маскав ба муносибати 66 - умин солгарди ғалаба бар фашизм.
2 / 14
Парвози чархболҳои Ми - 28 ба муносибати 70 солагии ғалаба дар ҶБВ
3 / 14
Қатори танкҳои ҳарбӣ аснои гузаштан аз назди муҷассамаи Минин ва Пожарский дар гузаашти низомии бахшида ба 20 солагии ғалаба дар ҶБВ
4 / 14
Сарбозони гвардияи фахрӣ дар гузашти низмӣ дар майдони Сурх, бахшида ба 74-солагии Ғалаба дар ҶБВ
5 / 14
Низомӣ ба ҳангоми гузашти низомӣ дар Майдони сурх ба муносибати 71 - умин солгарди ғалаба
6 / 14
Тайёраҳои қиркунаандаи МиГ-29 ва ҳавопаймои Су-25 ҳангоми гузашти низомӣ ба муносибати 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945
7 / 14
Раисҷумҳури он вақтаи Русия Дмитрий Медведев ва сарвазири Румсия Владимир Путин дар гузашти низомӣ бахшида ба 66 - умин солгарди ғалаба
8 / 14
A member of the Russian National Honour Guard military band takes part in the Victory Day parade at the Red Square in Moscow, Russia, marking the 74th anniversary of defeating the Nazi Germany in the WWII.
9 / 14
Гузашти ҳарбӣ бахшида ба 40 солагии ғалабба бар фашизм


10 / 14
Бузургсолорон дар гузашти низомӣ дар Майдони сурх. Аз 71 - умин солгарди ғалаба ҷҷашн гирифта мешуд
11 / 14
Сарбозони полки президентӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 72-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945
12 / 14
Гурӯҳҳои низомии кишварҳои гуногун дар "Гузашти Ғалабаи Сулҳ" ширкат варзиданд. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ аз Русия, ИМА, Италия ва Фаронса барои иштирок дар ин маросим омадаанд
13 / 14
Бузургсолорони ҶБҶ дар Майдони сурх аснои ҷашн гирифтан аз 67 - умин солгарди ғалаба
14 / 14
Female servicemen of Russian Defence Ministry march during the Victory Day parade at the Red Square in Moscow, Russia, marking the 74th anniversary of defeating the Nazi Germany in the WWII.