Боздошти як раиси ҷамоат дар Хатлон бо иттиҳоми фурӯши замин

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як раҳбари ҷамоат дар ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад, ки дар заминфурӯшӣ муттаҳам мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Нодиров Раҳимбек Баширович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Навободи ниҳояи Кубодиёни вилояти Хатлон кор карда истода, ғайриқонунӣ даст ба фурӯши замин задааст.

Боздошти заминсоз барои фурӯши замин: беш аз 60 ҳазор сомонӣ гирифтааст

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи феврали соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 10500 сомонӣ талаб карда гирифта, баъдан боз маблағи 9000 сомонии дигар талаб намудааст.

“Санаи 20 январи соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нодиров Р.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт карда гирифта шуд”,- афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбат ба Нодиров Раҳимбек бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.v