Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

То 16 август: таътил дар боғчаву мактабҳо тамдид шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз тамдид шудани таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Эҳсони Хушвахт, сухангӯи вазорат дар шарҳи ин мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин қарор аз сӯи Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз густариши бемории “вируси корона”- CОVID-19 гирифта шуд ва тибқи он хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ - мактабҳо то 16 август ба таътили тобистона мераванд ва соли таҳсили 2020 – 2021 аз 17 август оғоз мешавад.

"Тибқи ин қарор, баҳои чоряки чорум аз рӯи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда мешавад. Баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ҳам аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо бояд гузошта шавад. Аммо имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯи 6 фан аз 15 то 24 июни соли 2020 баргузор мегардад", - гуфт Эҳсони Хушвахт.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз густариши бемории "вируси корона"- CОVID-19, таътил дар муассисаҳои томактабӣ – боғчаву кӯдакистонҳо "то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ" дар мувофиқа бо ин Ситод тамдид карда мешавад.

Баъди мактабу боғчаҳо: футболи тоҷик ҳам ба таътил рафт

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 662 боғча бо 102 ҳазору 175 кӯдак ва 9 ҳазору 766 омӯзгор, 3884 мактаби миёна бо 2 миллиону 033 ҳазору 900 хонанда ва 124 ҳазору 593 омӯзгор, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 21 ҳазору 890 хонанда ва 2 ҳазору 305 омӯзгор ва 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо 87 ҳазору 696 донишҷӯ ва 6 ҳазору 381 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҷамъ 4686 муассиса, 2 миллиону 245 ҳазору 661 муҳассил ва 143 ҳазору 045 омӯзгорро ташкил медиҳад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 25 апрел "ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ" 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 – ро муваққатан таътил эълон карда буд.

Он замон мақомот гуфта буданд, ки ин як таътили муваққатӣ буда, карантин нест, зеро дар Тоҷикистон ягон эпидемия сабт нашудааст ва ин давраи таътил бояд барои гузаронидани корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ ё дезинфексияи муассисаҳои таълимӣ истифода шавад.

30 апрел Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз густариши бемории “вируси корона”- CОVID-19 аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро эълон намуд ва тибқи иттилои расмӣ, то ба ҳол дар кишвар 230 мавриди гирифторӣ ва се фавт сабт шудаанд.