Суҳбати телефонии Раҳмон ва Мирзиёев: сарони Тоҷикистону Ӯзбекистон чи гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳо дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистонро, ки он ҷо сарбанди обанбори Сардобин рахна шудааст, бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд.

Ӯзбекистон се гузаргоҳи марзияшро бо Тоҷикистон барои нақлиёти боркаш кушод

Дар идомаи суҳбат президент гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо халқи тоҷик бо дилу ҷон дар  паҳлӯи халқи бародари ӯзбек қарор дорад.

Сарони давлатҳо  авзои  кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро  баррасӣ  намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти  ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

Ба иттилои манбаъ, сарони давлатҳо инчунин оид ба рӯзномаи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд.  

“Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки  ҷиҳати  рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ба манфиати ду халқ чораҳои таъхирнопазир меандешанд”,-афзудааст манбаъ.

Президенти Тоҷикистон дар поении суҳбат ба президент ва ба мардуми Ӯзбекистон саломатӣ ва бурдборӣ таманно намуданд.