Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Раҳматилло Зоиров низ гирифтори коронаврус шудааст

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-деморкратии Тоҷикистон низ мубталои бемории коронавирус гаштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Чан дақиқа пеш худи Раҳматилло Зойиров дар ин бора дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, гуфтааст, тули ҳашт рӯз аст, ки ба ин беморӣ гирифтор аст.

Оҳангсоз Фарҳод Зикир гирифтори коронавирус шуд

Раҳбари раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз дӯстону наздиконаш хоҳиш кардааст, ки ба хонааш наоянд.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, саломатии худро ҳифз кунед.

Раҳматилло Зойиров, дуввумин раҳбари ҳизб аст, ки ба ин беморӣ гирифтор мешавад.

Қаблан Саидҷаъват Усмонв, раҳбари Ҳиби демократии Тоҷикистон низ гуфт, ба ин беморӣ гирифтор гаштаву, алъон вазъаш хуб мебошад.

Ёдовар мешавем Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, аз вуҷуди маризии коронавирус дар кишвар 30 апрез хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, 29-уми апрели соли 2020 - 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст. 

Бар пояи оморҳои рӯзи гузашта 4 май бошад, теъдоди мубталоёни коронавирус дар кишвар ба 230 нафар расида, се тан ҳалок шудаанд.