ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси навъи COVID - 19 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз тарафи Бунёди Оқохон оид ба макони зист, 680 адад либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони тибби вилоят кумак шуд, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.
Гуфта мешавад, маблағи умумии ин кумак 10 ҳазор доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуда, ки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Ёдгор Файзов ҷиҳати кӯмаки саривақтӣ намудан барои кормандони соҳаи тибби вилоят ба масъулини Бунёди Оқохон оид ба макони зист, изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Вазорат мегӯяд, “дурӯғ”: табибон аз ҳисоби худ намехаранд, кумакҳо ихтиёриянд
Ёдрас мешавем, ки то 4 майи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид.
Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷики дар Русия дармонда, маводи хӯрокворӣ фиристод
Ҳамзамон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст.