Барканории Дариға, духтари Назарбоев аз мақоми нафари дуюми Қазоқистон

Дариға Назарбоева, духтари раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон аз мақоми раиси Маҷлиси ин кишвар, ки расман нафари дуюм ба шумор меравад, барканор карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Қарор дар бораи барканории Дариға Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури пешнинро рӯзи гузашта Қосим Жомарт Тоқаев имзо кард. 

Сабти мубталошавии бесобиқа ба коронавирус дар Русия тайи як шабонарӯз

Дафтари матбуоти Токаев, раисиҷумҳури феълии Қазоқистон, бо нашри иттилоияи кӯтоҳе аз қатъи ваколатҳои Назарбоева дар Сенати Қазоқистон хабар дода, тафсилоти онро ироа накардааст. 

Дариға Назарбоева роҳбарии Сенати Қазоқистонро аз соли 2016 инҷониб ба уҳда дошта, ва қабл аз поёни давраи раёсаташ, дубора ба ин мақом интихоб шуда буд.

Бар асоси қонунгузории Қазоқистон, раиси Сенат ҷонишини раисиҷумҳур ба ҳисоб рафта, дар сурати истеъфо, фавт ё дигар ҳолатҳои фавқулодда салоҳиятҳои роҳбари давлатро соҳиб мешавад.

Ин барканорӣ дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир Нурсултон Назарбоев дар расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла телевизионҳо камтар пайдо мешуд. Дар натиҷа сарусадо дар бораи вазъи саломатии Назарбоев паҳн шуд, ки гӯиё хуб нест, аммо ҳафтаи гузашта Назарбоев бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амният фарзияҳо дар бораи вазъи бади саломатиро ботил баровард.