Афғонистон қарантинро то анҷоми моҳи мубораки Рамазон тамдид кард

Дар робита ба пешгирӣ аз ҳарчӣ бештар доман задани маризии коронавирус, ҳукумати Афғонистон тасмим гирифт, ки қарантинро то анҷоми моҳи Рамазон тамдид намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон шоми дирӯз эълон кард, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ намудан аз густариши маризии кронавирус қарантинро тамдид мекунад.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Бар хабари Садо ва Симои Эрон, мамнуъияти омадурафт  дар Кобул то поёни моҳи мубораки Рамазон тамдид мешавад.

Авҷи коронавирус дар Покистону Афғонистон: шумори фавтидагон ба маротиб афзоиш ёфт

Ин севумин бор аст, ки дар Афғонистон муддати замони қарантин тӯл дода мешавад. Зимнан, зикр мегардад, ки маҳдудиятҳои равуо дар шаҳри Кобул шиддат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон имрӯз якшанбе эълом кард, шумори афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар ба ҳудуди  ду ҳазору 500 нафар расидааст.

Бар асоси гузоришҳо, шумори қурбониёни коронавирус дар Афғонистон ҳам ба 72 нафар афзоиш ёфтааст.