Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Чин ба Созмони ҷаҳонии Беҳдошт иҷозат намедиҳад, ки коронавирусро таҳқиқ кунад

Таҳқиқи пайдоиши коронавирус дар Чин аз суи марказҳои таҳқиқии ин кишвар идома дорад, аммо намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба он даъват нашудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Мақомоти Чин дархости Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро оид ба иштирок дар таҳқиқи пайдоиши коронавирус рад карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи СУТ дар Чин, Годин Галеа.

Трамп: Чин барои коронавирус "ҷавоб" хоҳад дод

Ба гуфтаи номбурда, донистани ҳолатҳои пайдоиши коронавирус барои ТУТ, баҳри пешгирии ин гуна ҳодиса хеле муҳим аст.

"Мо медонем, ки таҳқиқи миллии (Чин) алакай ҷараён дорад, аммо дар ин марҳила мо баро иштирок даъват карда нашудем. ТУТ ба ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти тандурустии Чин дархостро идома медиҳад" гуфт коршинос дар мусоҳиба бо шабакаи бритониёии Sky News.

Вай инчунин қайд кард, ки мақомоти Чин ба ТУТ дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои ду лабораторияи вирусологӣ дар Вуҳонро, ки маркази эпидемияи паҳншавии коронавирус мебошад, намедиҳанд.

 

Дар табобатхонаҳои Вуҳани Чин ягон бемори коронавирус намонд
  Ба гуфтаи ӯ, ТУТ ба пайдоиши табии вирус бовар дорад, на сунъӣ:"Бо вуҷуди ин, дар сабтҳои лабораторӣ бояд ҷузъи ягон ҳисоботи мукаммал ва омӯзиши пурраи таърихи пайдоиш (вирус) бошанд",- илова кард Галеа.

Қаблан расонаҳои амрикоӣ гуфтан, коронавирус дар шароити лабораторӣ дар Вуҳани Чин сохта шудааст.

Дар пайи ин Доналд Трамп низ зимни як брифинг гуфт,  агард исбот шавад,  ки вирус ба таври сунъӣ пайдо шудааст ва Чин онро пинҳон доштааст, муҷозот хоҳад шуд.

Аммо мақомоти Чин ин даъвоҳоро беасос мехонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин низ 16 апрез гуфт, ТУТ борҳо изҳор доштааст, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад,  ин вирус дар лаборатория эҷод шудааст. Аксари коршиносони маъруфи ҷаҳон низ ба ин бовар доранд.