Афзоиши шумори бемории қанд дар Суғд

Духтурон мегуянд, диабети қанд чандон хатарнок нест, вале баъд аз сактаи қалбӣ ва саратон (рак) ин беморӣ дар ҷои сеюм рақам зада мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Масъулони маркази клиникавии эндокринологӣ дар Суғд мегуянд, ба ҳисоби сапти қариб 300 мавриди гирифторӣ ба диабети қанд дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, омори ин беморӣ ба 11, 6 ҳазор ҳолат афзоиш ёфтааст.

Зиёда аз 20 ҳазор мард ва беш аз 25 ҳазор зан дар Тоҷикистон диабети қанд доранд

Комилҷон Тошматов, табиби маркази эндокринологии Суғд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз шумори умумии беморон 1070 ҳолат ба гурӯҳи якум, яъне аз инсулин вобаста буда, бештар аз 10 ҳазор мавриди дигар ба инсулин вобаста набуда шомил ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин беморӣ дар паи норасии функсияи ғадуди зери меъда, ки боис ба кам истеҳсол шудани инсулин ва баланд шудани миқдори қанд дар таркиби хун, зуҳур меёбад.

“Диабети қанд маъмулан ду тип дорад: якум вобаста аз инсулин ва дуюм ин, ки новобастаи инсулин. Ба гурӯҳи дуюм асосан нафарони аз чиҳил сола боло шомил мебошанд”,- зикр кард Тошматов.

Ин табиби маркази клиникавии эндокринологии Суғд таъкид меварзад, ки ҳар кас метавонад намунаҳои ба худ хоси ин бемориро муайян сохта, аз ҷумла ҳангоми ҳис намудани ташнагӣ, бемадорӣ, харобшавӣ ва зуд - зуд пешобронӣ бояд ба духтур муроҷиат кунад.

Ӯ афзуд, дар марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои марказӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳуҷраҳои эндокринологӣ амал карда ва имкони гузаронидани тахшис ва муоинаи беморӣ мавҷуд будааст.

“Агар таҳлил (анализ) и вақти наҳорӣ миқдори қандро 7 нишон дода, баъд аз ду соати хурдани таом, он 10 -11 ро нишон диҳад, дар ин ҳолат мо ташхиси диабети қандро мегузорем. Барои ташхис ва табобат дар маркази эндокринологии вилоят, ҳоло мушкилӣ вуҷуд надорад”,- зикр кард, Тошматов.

Табибон таъкид меварзанд, ки ин беморӣ аз пурхурӣ ва камҳаракатӣ зуҳур пайдо намуда, дар роҳи ҳалли ин мушкил лозим аст, ки сокинон аз истеъмоли хурокҳои серравғану ширин парҳез кунанд. Машғул шудан ба варзишу гардиш барои онҳое, ки ин беморӣ зуҳур кардааст, нишони мусбӣ медиҳад.

Бар пояи маълумоти маркази эндокринологии Суғд, аз 11 ҳазору 673 нафар шумори гирифтори диабети қанд 183 кӯдак шомил будаанд. Дар се моҳи нахустини соли ҷорӣ ҳудуди 100 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Комилҷон Тошматов мегуяд, афзоиши ин беморӣ раванди табиӣ дорад, зеро бо зиёд шудани шумори аҳолӣ, оморӣ ин беморӣ ҳам ҳамасола меафзояд.

Духтурон мегуянд, диабети қанд аз ҷиҳати хатарнокӣ баъд аз бемории сактаи қалбӣ ва саратон (раг) дар ҷои сеюм қарор дорад. Барои пешгирӣ аз ин беморӣ гузаронида тарзи ҳаёти солим аз ҷониби ҳар як шахсро муҳим арзёбӣ мекунанд, табибон.