Боздошти марди 38-сола дар Душанбе: бо роҳи фиреб “Лексус”-у “Мерседес”-ро бурд

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе марди 38-соларо дастгир намуданд, ки дар фиребкорӣ гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, шахси боздоштшуда ба бовари сокинон даромада мошинҳои онҳоро нархгузорӣ мекардааст, сипас ӯ мошинро бурда дигар пулашро  намедодааст.

Тавре манбаъ таъкид доштааст, ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 28-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 16-уми ноябри соли 2019, дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе, марди 38-солаи сокини кӯчаи Ҳисори ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи шахсиаш тамғаи “Лексус ЛС-460”-ро ба маблағи 33 ҳазору 500-доллар нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Инчунин шахси номбурда бо ҳамин роҳ санаи 17-уми марти соли 2020, дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе ба боварии марди 39-солаи сокини кӯчаи Ҷавонони пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро бурда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Арзиши мошини “Мерседес-Бенс” 4 ҳазору 400 доллар будааст.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия шаҳри Душанбе тафтишотро идома доранд.