Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ: ташкили ситоди фаврӣ дар шаҳри Турсунзода

Мақомоти шаҳри Турсунзода эълон намудааст, ки бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз коронавирус дар тамоми корхонаву ташкилоти шаҳр ситодҳои фаврӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Тибқи амри раиси шаҳри Турсунзода, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз коронавирус ва вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ, иҷрои босифат ва саривақтии буҷет дар тамоми корхонаву ташкилоти шаҳр ситодҳои фаврӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидаанд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд: ашхоси аз сини 60 боло бидуни зарурат аз хона набароянд

Вай афзуд, бо ҷалби сохторҳои маҳаллии маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, эҷодкорон, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ходимони дин гурӯҳҳои корӣ ва хатсайри корӣ таҳия гардидаанд.

Инчунин Фирӯз Холиқов таъкид доштааст, ки тавассути 5 нақлиёти бо баландгӯякҳо муҷаҳҳаз дар ҳар як маҳали аҳолинишин вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасону ҷамоавӣ бо усули гардиши хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

“Дар ҳудуди шаҳр шахсони масъул бо вазъи манзилҳои истиқоматӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, дар ҳудуди шаҳр маъракаи безараргардонӣ пурзӯр карда шудааст. Бо ҷалби донишҷӯёни коллеҷу волонтёрони ҷавон аксияи “Худ ва аҳли оилаатро аз коронавирус ҳимоя намо” доир гардида, зимни он беш аз 34 ҳазору 500 варақаҳои тавсиявӣ тақсим гардиданд”, - зикр кардааст вай.

Ситод: дар Исфара барои бе зарурат ба кӯча баромадани калонсолон тадбирҳо меандешанд

Ҳамзамон вай гуфт, дар кӯчаву деҳа ва муассисаву корхонаҳо дастурҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус насб гардида, ба оилаҳои ниёзманд маҳлули спиртӣ, хлор, собун, ниқобҳо ва дигар маводи зарурӣ тақсим гардиданд.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар шаҳр ситоди фаврӣ дар самти иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо чораҷӯӣ менамояд.