Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Муовини сарвазир низомиёнро санҷид: то чӣ андоза қисмҳои низомӣ ба коронавирус омодаанд?

Ахиран муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз қисмҳои низомии шаҳри Душанбе ва Турсунзода дидан кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон, Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Раҳмонзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон санаи 28 апрел аз қисми низомии 02615-и ноҳияи Шоҳмансур ва 07150-и шаҳри Турсунзода дидан намуданд. 

Пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ: ташкили ситоди фаврӣ дар шаҳри Турсунзода

Тибқи иттилои манбаъ, зимни сафар муовини сарвазир аз омодагиҳои қисмҳои низомӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, ҳолати бунгоҳҳои саломатӣ ва шароит дар вақти мулоиҷа, ҳолати буду боши сарбозон, инчунин ҷойи хоб, хурду хӯрок, ҷойҳои шустани дасту рӯй ва бадан, синфхонаҳои дарсӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ҷойҳои тамрини ҳарбӣ, фароғативу маишӣ (боғҳо) ошно шуд.

Зимни боздид Ширин Исматуллозода ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дастур додаааст, ки барои самаранок истифода намудани заминҳои дар ихтиёр доштаашон тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳамзамон ба муовини Сарвазири маълумот дода шуд, ки қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрокӣ таъмин буда, захираи фаровони маҳсулоти хоҷагиҳои назди қисмҳои ҳарбӣ дар ихтиёри онҳо қарор дорад.

Ҳамчунин роҳбарияти қисмҳои низомӣ қайд карданд, ки ба сарбозон барои таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ ва тамрини сарбозон маводи антисептикӣ ва лавозимоти варзишӣ тақдим карда шудааст.