Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мақомоти шаҳри Хуҷанд: ашхоси аз сини 60 боло бидуни зарурат аз хона набароянд

Ба хотири пешгирӣ аз коронавирус дар даҳҳо кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Мақомот аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ашхоси аз 60 соала боло бидуни зарурат аз хонаҳояшон набароянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинон хоҳиш кардааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

 “Ашхоси аз сини 60 боло бидуни зарурат набояд аз хонаҳояшн бароянд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ҳамзамон, ба хотири пешгирӣ аз коронавирус дар даҳҳо кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.

Ситод: дар Исфара барои бе зарурат ба кӯча баромадани калонсолон тадбирҳо меандешанд

Ахиран аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби техникаҳои муосири соҳавӣ ва хадамоти оташнишонии вилоят бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гузаронида шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, тамизгардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Гагарин, Истиқлол, Раҳим Ҷалил Рифъат Ҳоҷиев Аминҷон Расулов, Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Гагарин ва ғайраҳо сурат гирифт.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд, қайд кардааст, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии короновирус дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии вируси мазкур дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешаванд.

“Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ минбаъд низ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр ташкилу роҳандозӣ мегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Инчунин манбаъ зикр кардааст, ки ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус анҷом ёфта, роҳҳои мошингарди шаҳр асосан шабона безарар гардонида мешаванд ва он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.