ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бино бар гузоришҳои восила ба Sputnik Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID-19 хабар медиҳанд.
Муовини сарвазир низомиёнро санҷид: то чӣ андоза қисмҳои низомӣ ба коронавирус омодаанд?
Қарор аст, дар ин ҷаласа ба вазъи куниии сиҳии кишвар баҳои муносиб дода, эҳтимоли ҷори кардани қарантинаи саросарӣ ба далели пеш омадани эпедемия вуҷуд дорад.
Ҳануз маълум нест, дар ин ҷаласа аз мавҷудияти кадом эпедемия коронавирус, илтиҳоби шуш (пневмония) ё дигар эпидемия эътироф мешавад.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд: ашхоси аз сини 60 боло бидуни зарурат аз хона набароянд
Ҳамзамон қарор аст, фардо 1 май намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт вориди Тоҷикистон шаванд.
Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.