Даргузашти Риши Капур - ситораи синамои Ҳинд

Ситораи синамои Ҳинд Риши Капур дар синни 68 солагӣ дар Ҳиндустон дар паи бемории саратон аз олам даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ситораи синамои Ҳинд писари яке аз ҳунармандон ва коргардони машҳури Ҳиндустон Раҷ Капур - Риши Капур аз олам чашм пӯшид.

Риши Капур, рӯзи чоршанбе дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Риши Капур дар даҳҳо филм нақш офаридааст. Ҳамчунин ӯ чун коргардон ва продюсер машҳур аст. 

Риши Капур пас аз табобати саратон дар ИМА моҳи сентябри соли гузашта ба Ҳиндустон бозгашт.

Даргузашти Соҳибзода Ирфон, ҳунарманди машҳури Ҳинд

Моҳи феврал ӯро ду маротиба барои табобат бистарӣ карданд.

Фарҳангиёни Ҳиндустон, сиёсатмадорон ва раҳбарияти кишвар дар ротиба ба даргузашти ситораи синамо ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори таслият карданд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи чоршанбе ҳамчунин, ситораи дигари синамои Ҳинд Соҳибзода Ирфон дар синни 54-солагӣ даргузашт.

Ирфон Алихон бар асари бемории рӯда дар бемористоне дар шаҳри Бомбей ҷаҳонро падрӯд гуфт.

Ҳунарманд рӯзи гузашта ба далели уфунат дар ноҳияи рӯдаи бузург дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони дар Бамбей бистарӣ шуда буд.

Соҳибзода Ирфон Алихон байни мухотабони байналмилаллӣ барои бозӣ дар нақши пулис дар филми Миллионери зоғанишин шинохта мебошад.

Ин филми синамоӣ бисёр муваффақ буд ва тавонист дар ҳашт бахш барои ҷоизаи Оскар  номзад шавад,

Ирфон дар филмҳои Марди анкабудии шигифтангез (2012 ), Зиндагии Пи ( 2012 ) ва Дунёи Журосик (2015 ) нақшофаринӣ кардааст.