Тарҳрезии гузашти ҳавоӣ дар Душанбе бо иштироки ҳавонавардҳои Русия

Дар рӯзи таҷлили иди Ғалаба дар шаҳри Душанбе гузашти ҳавоӣ бо иштироки ҳавопаймоҳои Русия ба нақша гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳавзаи марказии низомии Русия тарҳи гузашти ҳавопаймоҳо болои пойтахтҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ дорад.

Поси хотир: ниҳолшинонии Муҳаммадзода ва Варламов дар боғи Ғалабаи Хуҷанд - аксҳо

Генерал-лейтенант Евгений Поплавский, муовини фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гузашти эҳтимолии ҳавоӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошканд дар назар аст.

“Парвозҳои ҳавопаймоҳои Русия дар берун аз қаламрави кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек дар ҳоли баррасиянд”, - изҳор дошт генерал.

Ба гуфтаи Поплавский, гузаштҳои ҳавоӣ бо иштироки ҳавопаймоҳои ҳавзаи марказии низомӣ 9 май дар 9 шаҳри Русия дар назар аст.

Манбаъ афзуд, ки гузаштҳои нисбатан бузурги ҳавопаймоҳо дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск ва Самара баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки болои шаҳрҳои мазкур беш аз 80 ҳавопаймою чархболҳо парвоз хоҳанд кард.

Ахиран Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки рӯзи 9 май дар шаҳрҳои кишвар оташбозии идона ва гузашти низомии ҳавопаймоҳо баргузор мешавад.