4 000 сомонӣ идпулӣ: қадршиносии ҳукумати Суғд аз иштирокчиёни ҶБВ

Дар остонаи 75-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҳукумати Суғд, барои қадршиносӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) 740 ҳазор сомонӣ пул ҷудо намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Андар Раҳмонӣ, масъули хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин миқдор маблағ ба ҳисоби иштирокчиёни ҶБВ, ба маъюбон, ба ҳамсарони танҳо мондаи онҳое, ки дар ин ҷанг ҳалок шудаанд ва ҳам ба ашхосое, ки дар фронти оқибгоҳ заҳмат кашидаанд расонида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони ҶБВ рафт

Андар Раҳмонӣ гуфт, дар ин бора дирӯз 28-уми апрел Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарореро ба тасвиб расонидааст.

“Тибқи ин қарор, ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ и солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба андозаи 4000 сомонӣ ва ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва ҳади ақал шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, ба миқдори 2000 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад”, афзуд Раҳмонӣ.

Ҳамин тавр ба 46 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 2 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида 192 000 сомонӣ ва ба 273 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 546 000 сомонӣ, дар умум 740 000 сомонӣ кӯпакпулӣ тақдим мегардад.

Қадршиносии Путин аз се иштирокчии 95-солаи ҶБВ аз Суғд

Бар пояи иттилоъи ҳукумати Суғд, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 4 нафар, Ашт 9 нафар, Бобоҷон Ғафуров 5 нафар, Бӯстон 1 нафар, Деваштич 6 нафар, Исфара 4 нафар, Конибодом 3 нафар, Куҳистони Мастчоҳ 1 нафар, Мастчоҳ 2 нафар, Панҷакент 2 нафар, Спитамен 2 нафар, Ҷаббор Расулов 5 нафар ва Шаҳристон 2 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ даврони пирӣ меронанд.