Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шумораи гирифторони COVID-19 дар Русия рӯ ба афзоиш аст

Шумораи зиёди мубталоёни коронавирус ба Маскав рост меояд, ки 3075 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилояти Маскав  дар шабонарӯзи гузашта 523 бемори COVID-19 ва дар Санкт-Петербург 198 сироятшуда пайдо карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Штаби фаврии Русия шумораи гирифторони коронавирусро дар як шабонарӯзи гузашта 6 ҳазору 411 нафар гуфт.

Паёми ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон бо Эрон дар мубориза ба коронавирус – видео
Теъдоди зиёди мубталоёни коронавирус ба Маскав рост меояд, ки 3075 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилояти Маскав  дар шабонарӯзи гузашта 523 бемори COVID-19 ва дар Санкт-Петербург 198 сироятшуда пайдо карданд.

Дар Маскав ҳамагӣ 48 ҳазору 426 нафар мубталои COVID-19 шуданд. 

Дар ҳамин ҳол, 40,7 дарсади нафароне, ки бемориашон шабонарӯзи гузашта маълум шуд, ягон нишонаи гирифторӣ ба вирусро надоштанд.

Буҳрон дар пеш аст: Пас аз коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Дар 24 соати гузашта, аз коронавирус 72 нафар фавтиданд ва 1110 нафар сиҳат шуданд.

 

То имрӯз дар Русия 93 ҳазору 558 кас гирифтори коронавирус шуданд, ки ба 85 минтақаи кишвар рост меояд. Аз ин вируси мудҳиш 867 нафар фавтидаву 8456 кас сиҳат ёфтанд.