ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазорати тадурустии Тоҷикистон омори тозаи паҳншавии коронавирусро дар ҷаҳон нашр кардааст.
"Ба ҳолати субҳи 28 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 3 миллиону 64 ҳазору 830 нафар буда, аз онҳо 922 ҳазору 397 кас шифо ёфтаанд ва 211 ҳазору 609 тан вафот кардаанд", - менависад ниҳод дар истинод ба "Ховар".
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 10 ҳазору 507 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 56 ҳазору 803 нафар ва шумораи шифоёфтагон 138 ҳазору 990 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 229 ҳазору 422 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 793 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 23 ҳазору 521 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 120 ҳазору 832 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 199 ҳазору 414 нафар ва теъдоди фавтидагон 26 ҳазору 977 нафар мебошад.
Дар Франсия 165 ҳазору 842 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 23 293 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 158 ҳазору 758 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 126 мебошад.
Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 157 ҳазору 149 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 21 ҳазору 92 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 112 ҳазору 261 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 900 ва 33 791 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 91 ҳазору 472 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 806 нафар вафот кардаанд.
Дар Русия пандемия рӯ ба афзоиш аст. Дар як шабонарӯзи гузашта 6 ҳазору 411 ҳолати нави сироятёбиро пайдо карданд.
Дар Чин 82 ҳазору 836 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 11 289 ҳолат, Украина – 9 009, Молдова – 3 481, Қазоқистон – 2 860, Ӯзбекистон – 1 904, Арманистон – 1 808, Озарбойҷон – 1 678 ва Қирғизистон — 695 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
То имрӯз дар Беларус 1 740 нафар, Озарбойҷон — 1 162, Молдова – 925, Ӯзбекистон – 892, Украина — 864, Арманистон – 848, Қазоқистон – 725 ва Қирғизистон – 395 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Илова бар ин, дар Украина 220 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 102, Беларус – 75, Арманистон – 29, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 22, Қирғизистон – 8 ва Ӯзбекистон 8 нафар фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 703 нафар буда, 220 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 57 тани дигар вафот кардаанд.
Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 18 811 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 144 ҳолати фавт ва 2 531 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Қатар 11 244 нафар мубталои коронавирус шуда, аз онҳо 10 кас вафот кардаанд.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 10 839 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, дар он шумораи фавт нисбат ба Қатар бештар аст — 82 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 337 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 4 782 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 847 нафар ва шумораи фавтидагон 88 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 723 нафарро ташкил медиҳад.
Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт
Дар Кувайт 22 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 3 288 нафар сироят ёфтаанд.
Шумораи мубталоён дар Сурия 43 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.